МУЪМИНОБОД: 1 км 350 метр роҳҳои ноҳия навсозӣ мегарданд

Июль 7, 2018 13:09

МУЪМИНОБОД, 07.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолоияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод роҳҳои дохилӣ  ва роҳравҳо навсозӣ гардида, марҳилаи якуми он то охири моҳи августи соли равон  ба итмом  расонида мешавад.

Ба қавли муҳандиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хайру Неъмат»-и шаҳри Кӯлоб  Нуралӣ Тураев,  тибқи лоиҳа  роҳҳои дохилии ноҳия дар масофаи  1 км 350 м  ва паҳноии  13 м  навсозӣ гардида, бо новаи оҳану бетонӣ насб карда мешаванд. Ба гуфтаи манбаъ, маблағгузории роҳҳо  аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, сари вақт бо маблағҳои зарурӣ таъмин мегарданд.

Айни ҳол 7 техникаи муосир ба кор сафарбар карда шуда, корҳои навсозиро аз марҳилаи якум шурӯъ кардаанд. Дар кори навсозии роҳҳо 15 нафар коргари маҳаллӣ фаъолият дошта, бо музди меҳнати саривақтӣ таъмин мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки ноҳия дорои 169,2 км роҳ  буда, аз ин шумора 26 километрашро роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 143,2 километрашро роҳҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

 

 

Июль 7, 2018 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад