Муовини Прокурори генералӣ Валӣ Ваҳобов: «Хайрулло Мирсаидов на барои фаъолияти журналистӣ, балки барои зарари молии ба давлат расонидааш маҳкум гардид»
ДУШАНБЕ, 17.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хайрулло Мирсаидов, роҳбари «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» (КВН) на барои фаъолияти журналистӣ, балки барои азонихудкунии молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаю дониста бо нияти ғаразнок расонидани хабари бардурӯғ оид ба содир кардани ҷинояти вазнин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд маҳкум гардид.
Дар ин бора муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Валӣ Ваҳобов 17 июли соли 2018 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки ҳар кас назди қонун баробар аст ва барои содир кардани амали ҷиноӣ ҷазо мегирад. Дар парвандаи ҷиноятии Хайрулло Мирсаидов ягон маълумот оид ба фаъолияти сиёсӣ ва ё рӯзноманигории ӯ мавҷуд набуда, номбурда барои он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд маҳкум карда шудааст, ки ҳангоми ба ҳайси роҳбари дастаи «Хушдилон ва ҳозирҷавобон» (КВН) фаъолият намуданаш бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо даст ба азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ зада, аз нияти ғаразнок дидаю дониста, оид ба содир шудани ҷинояти вазнин хабари бардурӯғ расонидааст. Ин амал худ ҷиноят мебошад.
«Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад. Ҳукми суд нисбат ба Хайрулло Мирсаидов 11 июли соли 2018 бароварда шуда, айни ҳол ба қувваи қонунӣ надаромадааст. Аз ин рӯ Хайрулло Мирсаидов ва ҳимоятгарони ӯ дар ҳолати норозӣ будан бо он тибқи талаботи қонун метавонанд дар муҳлати кассатсионӣ ба суди болоӣ шикоят намоянд»,-иброз намуд Валӣ Ваҳобов.
Ёдовар мешавем, ки 11 июли соли 2018 Хайрулло Мирсаидов бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд дар содир намудани ҷиноятҳои пешбиникардаи моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» (Азонихудкунии молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон), 340 қисми 2 банди «а» (Сохтакории ҳуҷҷатҳо) ва 346 қисми 2 бандҳои «а, в» (Дидаю дониста аз нияти ғаразнок расонидани хабари бардурӯғ оид ба содир кардани ҷинояти вазнин) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, бо дарназардошти он, ки аз ҷониби ӯ зарари ба давлат расонидашуда барқарор карда нашудааст, ба маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр маҳкум карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






