Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018 аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 12.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 июл то 3 августи соли равон вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018 нишастҳои матбуотӣ баргузор мекунанд.
Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Иттифоқи журналистон, идораҳои воситаҳои ахбори омма барои маълумот ва иҷро фиристонида шудааст.
Баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ ҳар сол ду маротиба мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 сурат мегирад. Дар ҷараёни нишастҳои матбуотӣ роҳбарони аввали вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот дода, оид ба мушкилоти мавҷуда, роҳҳои бартараф кардани онҳо маълумот пешниҳод мекунанд.
Намояндагони ВАО имконият доранд, ки бевосита ба роҳбарони вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо муроҷиат карда, ба саволу пурсишҳои худ ҷавоб гиранд.
Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда «Масъулони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ гузаронидани онҳо мувофиқа намоянд». Толори Маркази матбуотии «Ховар» дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (хиёбони Рӯдакӣ, 40) ҷойгир аст.
Телефонҳо барои маълумот: 918-21-52-04, 888-08-34-33, 221-30-15.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






