Намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар Форуми байналмилалии «Байкал» ширкат доранд

Июль 3, 2018 11:52

ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати ҷавонони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар Форуми байналмилалии ҷавонон «Байкал» иштирок дорад.

Тавре мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони дастгоҳи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини якуми раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Илҳомҷон Ҳамидов  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, онҳо дар форуми мазкур таҷрибаи пешқадами созмонро ба иштирокчиён муаррифӣ доранд.

Номбурда дар доираи Форуми мазкур оид ба «Соли ҷавонон дар Тоҷикистон ва нақши «Созандагони Ватан» дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» сухан гуфт.

Зикр шуд, ки имрӯз таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қишри ҷавони мамлакат зиёд гардида, барои онҳо дар тамоми соҳаҳо шароити арзандаи фаъолият фароҳам оварда шудааст. «Бо ташаббусу пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин аз ғамхории бевоситаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон дарак медиҳад»,-илова намуд Илҳомҷон Ҳамидов.

Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии ҷавонон «Байкал» аз соли 2008 инҷониб баргузор гардида, иштироки намояндагони ташкилоти «Созандагони Ватан» дар он дар доираи ҳамкории ҳизбӣ ва Анҷумани халқҳои Россия сурат мегирад.

 

 

Июль 3, 2018 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад