Назар Одиназода: «Афзоиши нархи сӯзишворӣ ба болоравии қимати он дар ҷаҳон вобаста аст»
ДУШАНБЕ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон сунъӣ набуда, омилҳои берунӣ дорад. Сабаби асосии болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба афзоиши қимати он дар ҷаҳон, махсусан Россия ва Қазоқистон вобаста аст. Бинобар сабаби боло рафтани нархи нафт дар биржаи Санкт-Петербург нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон низ афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, илова намуд, ки нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон ба арзиши нафту газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст. Ҳар гоҳ қиматҳо дар ин бозорҳо тағйир ёфтанд, дар Тоҷикистон ҳам қимати газу бензин болову поин меравад. Ҳамчунин афзоиши харҷи роҳ барои интиқоли маводи нафтӣ ва гази моеъ дар болоравии нархи ин маҳсулот таъсири худро расонидаанд.
«Мо наметавонем ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтиро маҷбур кунем, ки маҳсулотро аз нархи воридотӣ арзон фурӯшанд. Низоми иқтисоди мо бозаргонӣ аст ва мақсади ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ гирифтани фоида аст. Онҳо низ наметавонанд бар зарари худ фаъолият кунанд»,-иброз намуд Назар Одиназода.
Дар шаш моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон бештар аз 217 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва 180 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст. Айни замон як литр бензини навъи А92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 7 сомониву 50-60 дирам нарх дорад. Як литр гази моеъ аз 4.70 то 4.80 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






