НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ: риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ дар корхонаҳо ошкор ва шахсони масъул ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
ДУШАНБЕ, 23.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони масъули корхонаҳое, ки дар фаъолияти онҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунандаи мамлакат ошкор карда шуд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Ин нуктаро имрӯз, 23 июл сардори Хадамоти мазкур Санъат Раҳим зимни нишасти матбуотӣ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» ба хабарнигорон иброз дошт.
Ба иттилои ӯ, шахсони зикршуда ба маблағи 285 ҳазору 844 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
«ҶДММ «Сохтмон-3», ҶДММ «Мавлак», «ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд Семент», ҶДММ «Сарватҳои кӯҳӣ» ва ҶДММ «Саманд» аз зумраи корхонаҳое мебошанд, ки барои дар фаъолияташон риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунандаи мамлакат ҷарима шудаанд»,-илова намуд Санъат Раҳим.
Зикр шуд, ки дар фаъолияти аксари корхонаҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ, ба монанди надоштани лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, мавҷуд набудани нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ, таъмин набудани корхонаҳо бо мутахассисони соҳавӣ ва дар феҳристи давлатӣ ба қайд нагузаштани иншоот ошкор карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






