ОБУ ҲАВО: дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво гарм боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 23.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор шуда, гармӣ то ба 45 дараҷа мерасад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона +13+ 18 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +40 + 45 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 19+24 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +20+22 ва рӯзона +42+44 дараҷа гарм мешавад.
Ҳоло ки рӯзҳои гармтарини фасли тобистон ҷараён доранд, ин албатта, ба хуруҷ кардани баъзе бемориҳо оварда мерасонад.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, чунин ҳарорати баланд, қабл аз ҳама, барои гирифторони бемории диабети қанд мушкилӣ пеш меорад. Зеро дар ҳарорати баланд арақкунии бадан зиёд мегардад ва дар натиҷа консентратсияи қанди хун баланд мешавад.
Бояд зикр кард, ки бештари гирифторони бемории диабети қанд ҳамчунин ба дигар бемориҳои музмин гирифторанд, ба мисли фишорбаландии шараёнӣ, бемории ишемикии дил, норасоии музмини дил ва гурдаҳо. Аз ин рӯ ҳамаи ин бемориҳо ба якдигар таъсир намуда, хуруҷи яке аз онҳо метавонад ба авҷгирии бемориҳои дигар боис шавад.
Аз ин рӯ, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон баробари пешниҳоди маълумоти вазъи ҳаво, ҳамчунин шаҳрвандонро огоҳ менамояд, ки зери офтоби сӯзон зиёд нагарданд, бо худ об ва доруҳои заррурӣ дошта бошанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






