ОБУ ҲАВО: дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои гарм то охири ҳафта идома меёбад
ДУШАНБЕ, 17.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳавои гарм дар ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи ВМКБ то 20 июл боқӣ мемонад. Ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон эҳтимол то 45, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд то 44, шаҳри Душанбе 43, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 37 дараҷа гарм шавад. Дар ин гуна вазъи обу ҳаво ба сокинони кишвар тавсия дода мешавад, ки дар зери нурҳои офтоб зиёд нагарданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона +14+ 19 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +40 + 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 19+24 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор шуда, шабона +20+22 ва рӯзона +41+43 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






