ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон ҳарорати баланд то 4 рӯзи дигар идома меёбад
ДУШАНБЕ, 10.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани борон дар назар аст. Дар вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, ҳарорат рӯзона 43 дараҷа боқӣ мемонад. Ин гуна вазъи обу ҳаво дар кишвар то 14 июл идома хоҳад ёфт. Дар ин бора имрӯз ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар дод.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво камабри беғубор шуда, дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +38 + 43 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе софу беғубор шуда, шабона 19+21 ва рӯзона +39+41 дараҷа гарм мешавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






