ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон то охири ҳафта ҳавои софу беғубор дар назар аст
ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо ҳарорат рӯзона нисбат ба рӯзҳои қаблӣ баланд ва шабона муътадил боқӣ мемонад. Ин гуна вазъи обу ҳаво ба гуфтаи мутахассисон то охири ҳафта идома меёбад.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +16+21 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шабона +9+18 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гашта, шабона 16+21 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +17+19 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






