ОБУ ҲАВО: дар Тоҷикистон то охири ҳафта гармии ҳаво боқӣ мемонад

Июль 13, 2018 08:10

ДУШАНБЕ, 13.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз 14 то 17 июл дар ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм боқӣ мемонад.  Ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 45, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд то 43 ва ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ 36 дараҷаро ташкил медиҳад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ карда мешавад. Шабона +12+17 ва рӯзона +28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +37 + 42 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон меборад. Шабона 18+23 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе камабри беғубор шуда, шабона 18+20 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.

Июль 13, 2018 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд