ОБУ ҲАВО: гармиҳои рӯзҳои охир хавфи омадани сел, фаромадани ярч ва сангрезиш дар пай доранд

Июль 12, 2018 08:05

ДУШАНБЕ, 12.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 15 июли соли равон ба ғайр аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар қисми бештари ноҳияҳои кишвар ҳавои хушку гарм боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво чун рӯзҳои қаблӣ то ба 43 дараҷа мерасад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, вазиши шамол аз самти шарқ то 13-18 метр дар як сония мерасад. Дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Шабона +10+15 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +37 + 42 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона 17+22 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе камабри беғубор шуда, шабона 18+20 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, баландшавии ҳарорати ҳаво ва боқӣ мондани он дар доманакӯҳҳою баландкӯҳҳо сабаби обшавии барфҳо ва пиряхҳо мегардад. Ҳамчунин хавфи омадани сел, фаромадани ярч ва сангрезиш ҳамоно баланд боқӣ монда, баландшавии сатҳи оби дарёҳо низ дар назар аст.

«Дар ҷануб, ҷанубу ғарби кишвар эҳтимолияти зуҳуроти хатарноки агрометеорологӣ – «хушкшавии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ» дар назар аст. Дар ҳамин иртибот Кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ гузаштан ва ҳузур дар соҳили дарёҳову кӯлҳо ботаваҷҷӯҳ бошанд»,-зикр намуд манбаъ.

Июль 12, 2018 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд