ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво 38 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 26.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, шурӯъ аз имрӯз то 28 июл дар ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 4-6 дараҷа дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои ВМКБ, шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона +13+ 18 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб дар баъзе ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +29 + 34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шабона 18+23 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +19+21 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






