ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 14.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 14 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои софи бебориш пешгӯӣ карда шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +23+25 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрноки бебориш шуда, ҳарорат шабона +14+ 16 ва рӯзона +30 +32 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +23 +25 ва рӯзона +38 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат шабона 19+21 ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.
Инчунин дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш пешгӯӣ шудааст. Дар пойтахти мамлакат шабона +19+21 ва рӯзона +38+40 дараҷа гарм мешавад.
Ёдрас менамоем, ки аз 14 то 17 июл дар тамоми ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм боқӣ мемонад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






