ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
ДУШАНБЕ, 11.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво чун рӯзҳои қаблӣ тағйирёбандаи абрнок гашта, танҳо дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Навобаста аз абрнокии ҳаво дар шимолу ҷануби кишвар ҳарорат чун рӯзҳои пештара то 43 дараҷа боқӣ мемонад. Дар ин бора имрӯз ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар дод.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Вазиши шамол аз самти шарқ то 12-17 метр дар як сония мерасад. Дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +38 + 43 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе камабри беғубор шуда, шабона 19+21 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






