ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
ДУШАНБЕ, 19.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар бештари ҷойҳо рӯзона боридани борон дар назар аст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +37+42 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, рӯзона дар водиҳо борон меборад. Ҳарорат шабона +13+ 18 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21 +26 ва рӯзона +40 + 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 18+23 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор шуда, шабона +20+22 ва рӯзона +40+42 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои мутахассисони Агентӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар ҷумҳурӣ то 23 июл идома хоҳад ёфт.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






