ОБУ ҲАВО: имрӯз дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад

Июль 5, 2018 08:14

ДУШАНБЕ, 05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар бештари ноҳияҳо ҳаво абрноки тағйирёбанда ва боронӣ мешавад. Дар ин бора имрӯз ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +7+12 ва рӯзона +25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21 +26 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки боронӣ шуда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона ҳарорат ба 17-22 ва рӯзона 33-38 дараҷа мерасад.

Сокинони пойтахт- шаҳри Душанберо чун рӯзҳои қаблӣ ҳавои муътадил ва қисман абрноки бебориш интизор аст. Шабона 17+19 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.

Июль 5, 2018 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд