ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат рӯ ба баландшавӣ меорад
ДУШАНБЕ, 06.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Шурӯъ аз имрӯз гармии ҳаво рӯ ба баландшавӣ меорад. Дар ин бора имрӯз ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, вазиши шамол то 12-17 метр дар як сония мерасад. Дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +11+16 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21 +26 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки боронӣ шуда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шабона ҳарорат ба 18-23 ва рӯзона ба 34-39 дараҷа мерасад.
Сокинони пойтахт- шаҳри Душанберо чун рӯзҳои қаблӣ ҳавои муътадил ва қисман абрноки бебориш интизор аст. Шабона 18+20 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






