ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво поён фаромада, чангу ғубор ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 25.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, шурӯъ аз имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво нисбат ба рӯзҳои қаблӣ паст мегардад. Дар бештари ноҳияҳо вазиши сахти шамол то 15-20 метр дар як сония расида, дар натиҷа чангу ғубор ба амал меояд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо ба 16-21 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона +16+ 21 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +19+21 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






