ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи камабр мешавад

Июль 2, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 02.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона +11+16 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво софу беғубор гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +21 +23 ва рӯзона +38 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қисман абрнок гардида, дар водиҳо ҳарорат шабона ба 17-19 ва рӯзона 36-38 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор  шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +17+19 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.

 

Июль 2, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд