ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои гарм боқӣ мемонад

Июль 18, 2018 08:04

ДУШАНБЕ, 18.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор шуда, ҳарорат рӯзона ба 44 дараҷа мерасад. Дар ин гуна вазъи обу ҳаво ба сокинони кишвар тавсия дода мешавад, ки  дар зери нурҳои офтоб зиёд нагарданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво камабри  бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, ҳарорат шабона +13+ 18 ва рӯзона +32 +37 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +40 + 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 18+23 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор шуда, шабона +19+21 ва рӯзона +40+42 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои мутахассисони Агентӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар ҷумҳурӣ то 21 июл идома хоҳад ёфт.

Июль 18, 2018 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд