ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 04.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 6 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар бештари ноҳияҳо ҳаво абрноки тағйирёбанда мешавад. Дар ин рӯзҳо пастшавии ҳарорат дар назар аст. Дар ин бора имрӯз ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз ҳарорат дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбат ба рӯзҳои қаблӣ паст мефарояд. Дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +9+14 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20 +25 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки бебориш шуда, шабона ҳарорат ба 15-20 ва рӯзона 35-40 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрноки бебориш гашта, шабона 16+18 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






