ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон гармӣ ба 43 дараҷа мерасад

Июль 9, 2018 08:13

ДУШАНБЕ, 09.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво баланд шуда, дар бештари ноҳияҳо то ба 43 дараҷа мерасад. Дар ин бора имрӯз ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар дод.

Ба иттилои ӯ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво боронӣ гашта, шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво қисман абрӣ шуда, вазиши сахти шамол то 12-17 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +38 + 43 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона 18-23 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе софу беғубор мешавад. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона +39+41 дараҷа гарм мешавад.

Июль 9, 2018 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад