ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳавои гарм боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 21.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво мисли рӯзҳои қаблӣ боқӣ монда, то 45 дараҷа мерасад.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, рӯзона дар водиҳо борон меборад. Ҳарорат шабона +13+ 18 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22 +27 ва рӯзона +40 + 45 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат шабона 19+24 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +20+22 ва рӯзона +40+42 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






