ОГОҲИИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА: аз 7 то 10 июл бе зарурат ба кӯча набароед!

Июль 5, 2018 14:25

ДУШАНБЕ, 05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки бинобар гарм омадани ҳаво тӯли рӯзҳои 7-10 июл аз сайру гашт дар нимаи дуюми рӯз, нӯшидани нӯшокиҳои газдор ва оббозӣ дар обанборҳо худдорӣ намоянд. Нафароне, ки аз бемории фишорбаландӣ, диққи нафас ва бемории қалб ранҷ мекашанд, бояд тибқи тавсияҳои духтурон амал намуда, бе зарурат ба кӯча набароянд.

Тавре зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи мазкур Умеда Юсуфӣ хабар дод, сокинонро зарур аст бо кӯдакони хурдсолашон нисфирӯзӣ ба сайру гашт набароянд. Ҳарчӣ бештар об нӯшанд ва аз нӯшидани нӯшокиҳои газдор, ширин ва спиртӣ худдорӣ намоянд. Матоъҳои аз либоси пахтагин омода шударо ба бар намуда, аз либосҳои рангашон равшан худдорӣ намоянд.

«Ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бояд эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро дар наздикии дарёҳо, ҷӯйборҳо ва ҳавзу обанборҳо риоя намоянд. Дар ин самт волидонро зарур аст, то нисбат ба фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир нанамоянд, балки масъулиятпазир бошанд»,-зикр намуд У.Юсуфӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар  натиҷаи гармии зиёд эҳтимоли обшавии пиряхҳо дар назар аст. Дар натиҷаи ин ҳолат омадани сел ва ярч дар доманакӯҳҳо имкон дорад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл АМИТ «Ховар» зимни суҳбат бо сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар дода буд, ки шуруъ аз 7 июл дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво баланд шуда, рӯзона дар вилояти Хатлон 43, ноҳияҳои тобеи марказ 42, вилояти Суғд 42, дар шаҳри Душанбе 41, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 35 ва дар шарқи он 25 дараҷа гарм мешавад.

Июль 5, 2018 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад