Паҳлавонони тоҷик барои иштирок дар Ҷоми Осиё ба Ҳонконг сафар карданд
ДУШАНБЕ,11.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон дар ҳайати ҳафт нафар ҷиҳати иштирок дар Ҷоми Осиё ба шаҳри Ҳонконг сафар кард.
Тавре котиби генералии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Шамсия Саидова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, рӯзҳои 13-15 июл дар шаҳри Ҳонконг Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад. Дар мусобиқа миёни наврасон 133 варзишгар (84 писар, 49 духтар) аз 27 давлати қора иштирок мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 нафар варзишгар: Сулаймони Ҷамшед дар вазни -60 кг, Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73 кг, Фаридун Холиқов дар вазни -81 кг ва Эмомризо Қурбонов дар вазни -90 кг намояндагӣ мекунанд
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони наврас барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки моҳи октябри имсол дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина доир мешавад, соҳиби имтиёз мегарданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






