Пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва ташкили шаффофи фаъолияти комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилотӣ

Июль 9, 2018 14:24

ДУШАНБЕ, 09.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади дар сатҳи баланд ва шаффоф ташкил намудани фаъолияти комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, пешгирии ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ ва ҳолатҳое, ки ба вайрон шудани қонун мусоидат мекунанд, 6  июли соли равон дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба номи академик  М. Осимӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъомад роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо котибони масъули муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид вобаста ба риояи талаботи «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфт.

Иштирокчиёни ҷамъомад оид ба  риояи қонун ва пешгирии ҳолатҳое, ки ба вайронкунии қонун мусоидат мекунанд,  пешгирии таъсири омилҳои инсонӣ дар фаъолияти комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ,  роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ андешаҳои худро иброз намуданд.

Дар фарҷом миёни иштирокдорону масъулин мубодилаи афкор сурат гирифт.

Июль 9, 2018 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд