Р. Раҳимзода ва Ю. Шток ҳамкорӣ дар самти ҷустуҷӯи шахсони дар кофтукови байналмилалӣ бударо баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 23.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Котиби генералии «Интерпол» Юрген Шток вохӯрӣ доир намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи ҳамкорӣ дар самти ҷустуҷӯи шахсоне, ки дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ аз 19 то 21 июл дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар ҷаласа миёни вазирони корҳои дохилии ИДМ оид ба ҳолати мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, баррасии ҷараёни иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чорабиниҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, баъди баррасии масъалаҳои муҳокимашаванда маросими баимзорасии қарорҳо ва Протоколи ҷаласаи мазкур баргузор гардид.
Зикр гардид, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ ба тақвият ёфтани ҳамкории судманд, рушди муносиботи дуҷонибаю бисёрҷониба, мубодилаи иттилооти фаврӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ мусоидат менамояд. Ба роҳ мондани системаи бонизоми мубодилаи иттилоот барои дастгир намудани шахсоне, ки дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, мусоидат менамояд.
P.S. Шӯрои Вазирони корҳои дохилии ИДМ бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо Қарори Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои ИДМ 19 январи соли 1996 таъсис ёфта, дар давоми мавҷудияти худ фаъолона ва манфиатнок амал менамояд.
Он дар айни замон фаъолияти худро муваффақона давом дода истодааст.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






