Раиси Бонки миллии Тоҷикистон овозаҳоро дар мавриди дар бонкҳои ҷумҳурӣ кам будани асъори хориҷӣ беасос хонд
ДУШАНБЕ, 25.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода иброз дошт, ки дар шаш моҳи аввали соли 2018 Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи зарурии нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.
Ба гуфтаи мавсуф, дар шаш моҳи аввали соли равон вобаста ба вайрон кардани қонунгузорӣ нисбат ба асъор аз ҷониби Прокуратураи ҷумҳурӣ 183 парванда дарёфт карда шуд. Аз ин шумора 68 адад парвандаҳои ҷиноятие мебошанд, ки сабаби аслии оғози онҳо иваз ва ё фурӯши хона, мошинҳо ва дигар амалиёт бо асъори хориҷӣ, ки қонунгузорӣ манъ намудааст, ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин нисбат ба 4 нафар корманди бонк ва баъзе бонкҳои мамлакат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.
Овозаҳоро дар мавриди дар бонкҳои ҷумҳурӣ кам будани асъори хориҷӣ ва талаботи мардумро қонеъ нагардонидани он раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода беасос дониста, иброз дошт, ки ҳамарӯза ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон барои қонеъ намудани талаботи мардум 12- 13 миллион долларро ба мубодила мебароранд.
«Имсол 14 бонк фаъолияти нимсолаашонро бо даромад ҷамъбаст намуда, ҳамаи меъёрҳоро иҷро намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз солимгардонии бонкҳо ба вуҷуд омада истодааст»,-гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






