Рамазон Раҳимзода ба нозирони минтақавӣ: «Бо одамон, махсусан шаҳрвандони хориҷӣ ва сайёҳон хушмуомила бошед!»
ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон ва вазифаҳо барои шашмоҳаи дуюми соли равон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, аъзои мушовара, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷаласаи мушовара баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа Рамазон Раҳимзода камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро муҳокима намуда, ба тамоми сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарордошта, тартибу низом ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, пешгирии муноқишаҳои гурӯҳӣ байни ҷавонону ноболиғон ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Зикр гардид, ки нозирони минтақавӣ ҳамкориро бо аҳолӣ тақвият бахшида, бояд бо мардум дар робитаи зич қарор дошта бошанд. Бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, алалхусус бо шаҳрвандони хориҷӣ ва сайёҳон хушмуомила бошанд ва пайваста сатҳи донишу малакаи худро баланд бардошта, ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ машғул шаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар хотима ҷиҳати таъмини амният, волоияти қонун, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи интизоми хизматӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас баён гардиданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






