Рамазон Раҳимзода: «Содиршавии ҷиноят аз тарафи ҷавонону ноболиғон ташвишовар боқӣ мемонад»
ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва ҷавонон ташвишовар боқӣ монда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаргардида 216 ҳолат зиёд мебошад.
Ин нуктаро имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз дошт. Ба маълумоти номбурда, дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 555 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Рамазон Раҳимзода яке аз омилҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгароиро дар таҳсилоти ғайриқонунии динии ноболиғон ва ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар номида, иброз намуд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои тарбиявӣ ва вохӯрии инфиродӣ бо падару модарон дар ин давра 35 нафар шаҳрвандон, ки ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба ватан баргардонида шуданд.
Зикр карда шуд, ки дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 482 ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 фоиз кам мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






