Расмиёти марбут ба гирифтани изи ангушти зоирини Тоҷикистон дар дохили кишвар анҷом дода мешавад

Июль 20, 2018 12:10

ДУШАНБЕ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи тартиби муқарраргардида, имсол расмиёти марбут ба гирифтани изи ангушти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафарбар мегарданд,  дар дохили кишвар анҷом дода мешавад.

Дар ин бора сардори маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Зимнан, ҳамасола чунин тадбири амниятӣ дар фурудгоҳҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ анҷом дода мешуд, ки боиси ташвиш ва издиҳоми зиёди ҳаҷравандагон мегардид. Аз ин лиҳоз, имсол бо дархости Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ин тадбир дар худи кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти зикршударо дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ба роҳ мондааст.

Июль 20, 2018 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад