Роҳбарияти вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 14, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 14.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 16 июли соли 2018 Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ (якҷоя бо КВД «Тоҷикагролизинг», Академияи илмҳои кишоварзӣ), Хадамоти алоқа ва Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи якуми соли ҷорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор дошта, ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.

Нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии (ММҶ) «Ховар», нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ (якҷоя бо КВД «Тоҷикагролизинг», Академияи илмҳои кишоварзӣ) соати 14:00 дар бинои вазорати мазкур, нишасти матбуотии  Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  соати 14 дар толори ММҶ «Ховар», нишасти матбуотии  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 16 дар толори ММҶ «Ховар» гузаронида мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 93 -512-12-88, 221-30-15).

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Июль 14, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст