Роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 19.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 20 июли соли 2018 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2018 Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, КВД «Тоҷиксуғурта» ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм (ҳамроҳ бо МД «Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо») соати 9 дар толори ММҶ «Ховар», нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар соати 9:30 дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовар, нишасти матбуотии КВД «Тоҷиксуғурта» соати 10 дар бинои КВД «Тоҷиксуғурта», нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ соати 11 дар бинои кумитаи мазкур, нишасти матбуотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соати 9 дар бинои Донишгоҳи мазкур гузаронида мешаванд.
Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи якуми соли равон маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор мекунанд ва ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 888-08-34-33, 221-30-15).
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад






