Руҳуллоҳ Ҳакимзода: «Эътимоди шаҳрвандон ба бонки амонатгузории Тоҷикистон афзудааст»

Июль 24, 2018 13:55

ДУШАНБЕ, 24.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк»  бо мақсади баланд  бардоштани сатҳи хизматрасониҳои бонкӣ, афзун   намудани ҳаҷми   пардохтҳои ғайринақдӣ, танзими  муомилоти нақдӣ ва дар заминаи он устувор нигоҳ доштани   қурби пули миллӣ бо зиёда аз 7 ҳазору 400  ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ  ва ғайрибуҷетӣ   барои гузаштан ба  лоиҳаи «Музди меҳнат» тавассути кортҳои  пардохтии бонкӣ ҳамкорӣ ба роҳ  мондааст.  Теъдоди  дорандагони кортҳои  пардохтии   бонкӣ ба зиёда аз 1,4 миллион нафар расидааст, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,5 ҳазор нафар  зиёд мебошад. Имрӯз эътимоди мардум ба Бонки давлатии амонатгузории  /БДА/ Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» афзудааст.

Ин матлабро раиси «Амонатбонк» Руҳуллоҳ Ҳакимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе  баён дошт.

Ба гуфтаи ӯ,  фаъолияти БДА «Амонатбонк» дар самти дарёфти сарчашмаҳо  ҷиҳати пешниҳоди   маблағҳои  қарзӣ, ки заминаи асосии он ба даст овардани  боварии мардум ба бонкҳо  мебошад, беш аз пеш тавсеа меёбад.

Зикр шуд, ки  дар ин давра бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии «Амонатбонк»  беш аз 3 миллиард сомониро  ташкил намуд, ки  дар қиёс ба ҳамин давраи  соли гузашта 30,1 фоиз зиёд аст. Ҳиссаи  пасандозҳои аҳолӣ  42 фоизи  ҳамаи амонатҳои  ҷалбгардидаро ташкил менамояд.

Назар ба иттилои Руҳуллоҳ Ҳакимзода, фоизҳои  ба аҳолӣ пардохтшуда соли ҳисоботӣ беш аз 42 миллион сомониро  ташкил намуданд, ки ин  ба сатҳи даромади аҳолӣ ва баланд гардидани  некуаҳволии мардум, ки умдатарин ҳадафи «Амонатбонк» аст, мусоидат мекунад.

Зикр гардид, ки дар ин давра филиалҳои «Амонатбонк» 754, 7 миллион сомонӣ  маблағҳои коммуналиро  аз аҳолӣ қабул намудаанд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида бист фоиз зиёд аст.

«Амонатбонк» алҳол ба 18 ҳазор  корхонаю ташкилот, 699,8 ҳазор нафақагирони  мақомоти ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ  ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва  беш аз 1,5 миллион нафар пасандозгузорон  тариқи 554 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 75 филиал дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ хизмат мерасонад.

Июль 24, 2018 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад