Рустам Назарзода ва Валбург Росс масоили бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ карданд

Июль 25, 2018 13:26

ДУШАНБЕ, 25.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант  Рустам Назарзода 24 июл бо директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Валбург Росс мулоқот намуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод. Дар мулоқот рушди ҳамкорӣ оид ба огоҳсозӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, ҳимояи аҳолӣ ва минтақа аз ҳодисаҳои нохуш, идомаи амалии лоиҳаи кӯли Сарез, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон баррасӣ гардид.

Бо зикри сатҳи баланди ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, Рустам Назарзода аз корҳое, ки барои назорати ҳолатҳои фавқулода дар ҷумҳурӣ анҷом дода шудаанд ва ҳамчунин аз ҳамкории байналмилалӣ бо мақомоти хориҷӣ маълумот дод.

Валбург Росс барои мулоқот изҳори сипос карда, сатҳи баланди фаъолияти Кумитаи мазкурро махсус зикр кард.

Дар мулоқот ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ омодагии худро иброз намуданд.

Июль 25, 2018 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд