Сафорати Туркия дар Тоҷикистон: «Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия ду сол қабл бо дастгирӣ ва муқовимати қаҳрамононаи мардум кӯшиши табаддулоти хоинонаро пешгирӣ намуд»

Июль 13, 2018 17:41

ДУШАНБЕ, 13.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ба муносибати 2-юмин солгарди кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия (15 июли соли 2016) нишасти матбуотӣ баргузор намуда, матни  баёнияи  матбуотии ин ҳамоишро пешкаши АМИТ «Ховар» кард. 

«Ду сол қабл аз ин, 15 июли соли 2016, як гурӯҳи мансуб ба Созмони террористии Фетҳуллаҳ (ФЕТО), ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Туркия реша давонда буд, даст ба табаддулоти ҳарбӣ зада, барои тағйир додани ҳукумати бо роҳи қонунӣ ва демократӣ интихобшудаи Ҷумҳурии Туркия иқдом намуд. Ин террористҳои бевиҷдон ба тарафи шаҳрвандоне, ки бар зидди ин табаддулот муқовимат нишон медоданд, бераҳмона оташ кушода, муассисаҳои асосии Ҷумҳурии Туркия, махсусан Қасри Президент ва бинои Маҷлиси бузурги миллиро бомбаборон карданд», — омадааст дар баёния.

«Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия бо дастгирӣ ва муқовимати қаҳрамононаи мардум кӯшиши табаддулоти хоинонаро пешгирӣ намуд ва демократияи Туркия наҷот дода шуд. Кӯшиши табаддулоти хоинонаи рӯзи 15 июл бузургтарин амали террористӣ дар таърихи Ҷумҳурии Туркия мебошад, ки дар рафти он 249 шаҳрванд ҳалок гардида, зиёда аз 2000 нафар захмдор шуданд».

«Дар паси ин кӯшиши табаддулоти хунин Фетҳуллаҳ Гюлен ва муридони ӯ қарор доштанд. Ӯ дар давоми чандин сол ба  муридони худ амр медод, ки дар муассисаҳои муҳими давлатӣ, ба монанди артиш, амният ва суд нуфуз пайдо намоянд. Пайравони Гюлен як мисоли одӣ барои нишон додани ифротгароии одамон дар партави шахспарастӣ мебошанд. Инҳо Гюленро Масеҳ шуморида, танҳо нисбат ба ӯ изҳори садоқат менамоянд ва аз ҳамин сабаб, ба хотири манфиатҳои гурӯҳӣ худро ба ҳеҷ гуна қоидаҳои ҳуқуқӣ, динӣ ва ахлоқӣ вобаста намедонанд. Онҳо алоқамандии худро бо Гюлен махфӣ нигоҳ дошта, бидуни зери шубҳа мондан ба мақомҳои баланд дар муассисаҳои давлатӣ роҳ ёфта истода буданд. Ба истилоҳи дигар, Созмони террористии Фетҳуллаҳ, ки бар пояи усулҳои дурӯягӣ ва пинҳонкорӣ ташкил гардидааст, намунаи нави ташкилоти террористӣ мебошад», — зикр шудааст дар изҳороти матбуотии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон.

Мақомоти Туркия системаи иртиботии «Bylock» (Байлок)-ро, ки аз ҷониби аъзои Созмони террористии ФЕТО истифода бурда мешуд, рамзкушоӣ карданд. Ҳамин тавр, ҳамаи аъзои Ташкилоти террористии ФЕТО аз ҷониби мақомоти амниятӣ муайян карда шуданд. Нисбат ба ин шахсон мурофиаи судӣ идома дорад. Илова бар ин маълум гардид, ки ФЕТО дар баробари системаи иртиботии «Bylock» барномаи дигарро  бо номи «Morbeyin kumpası» ҷорӣ намуд. Ҳадаф аз ин барнома эҷоди тасаввуре буд, ки шахсони ба созмони террористии ФЕТО иртиботнадошта ҳам истифодабарандагони системаи иртиботии «Bylock» мебошанд.

Июль 13, 2018 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад