Саноатчиёни тоҷик дар Корея таҷриба меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Дегуи Ҷумҳурии Корея аввалин нишасти Тоҷикистону Корея оид ба саноати сабук баргузор гардид. Сухан аз ривоҷи ҳамкориҳо дар самти бофандагӣ ва рангубори матоъҳо рафт.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шаҳзода Қаюмова, ки дар нишаст иштирок дошт, хабар дод.
Тибқи иттилои номбурда, дар нишасти мазкур намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея, роҳбарони як қатор корхонаҳои соҳаи саноати сабуки кишвар ва намояндагони Донишгоҳи рангуборкунӣ ва технологияи ороишии Ҷумҳурии Корея (DYETEC) иштирок намуданд.
Дар нишаст масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноати сабук, рангуборкунӣ, истеҳсоли матоъ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва дигар мавзӯъҳои барои тарафайн афзалиятнок мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамзамон иштирокдорон дар ҷараёни нишаст аз корхонаҳои соҳаи саноати сабуки Ҷумҳурии Корея боздид намуданд.
Бояд зикр кард, ки Донишгоҳи рангуборкунӣ ва технологияи ороишии Ҷумҳурии Корея (DYETEC) дар самти тадқиқот, омода кардани лоиҳаҳои бофандагию рангуборкунӣ, технология ва ташхиси матоъ таҷрибаи бой дошта, густариши ҳамкорӣ бо муассисаи мазкур барои рушди соҳаи рангубори мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






