Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Фарғона мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 16 июли соли 2018 дар шаҳри Фарғона мулоқоти кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҳайатҳои ҳар ду ҷониб иборат аз роҳбарони вазорату идораҳо ва сохторҳои пешбари бахши иқтисодии ду кишвар иштирок намуданд.
Расулзода ва Орипов масъалаҳои мубрами равобити дуҷониба, пеш аз ҳама, ҷараёни омодагӣ ба мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот инчунин мавзӯи татбиқи тавофуқномаҳое, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (моҳи марти соли равон) ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосил шуданд, барррасӣ гардида, ҷонибҳо таъсири баланди тамосҳои ҷориро дар сатҳ ва самтҳои мухталифи равобити дуҷониба махсус зикр намуданд.
Бо қаноатмандӣ ёдоварӣ шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар нимсолаи аввали соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 фоиз афзоиш ёфтааст.
Таъкид гардид, ки иқтисоди ду кишвар такмилкунандаи якдигар буда, ба шарофати наздикии ҷуғрофӣ ва хароҷоти пойини боркашонӣ дорои имконияти рақобатпазирӣ мебошад.
Бо ҳадафи фаъолсозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки бо баргузории нишасти навбатии Шӯрои соҳибкорӣ, шароити муносиб барои фаъолияти доираҳои соҳибкории ду кишвар дар қаламрави Тоҷикистону Ӯзбекистон фароҳам оварда шавад.
Ҷониби Ӯзбекистон аз пешниҳоди баргузории Намоишгоҳи миллӣ-саноатии “Истеҳсоли Тоҷикистон” ва Форуми муштараки соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол намуд.
Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо таъкид бар аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ тавофуқ ҳосил карданд, ки дар мавриди баргузории чорабиниҳои вобаста ба таҳкими алоқаҳои бародарӣ байни халқҳои тоҷику ӯзбек муштаракан фаъолият намоянд.
Ҷонибҳо бори дигар пойбандии худро ба таҳкими бештари равобити дуҷониба дар ҳамаи самтҳо ва омодагӣ баҳри амалисозии чораҳои зарурӣ барои боз ҳам муассир ва пурмаҳсул кардани ин равобит мавриди таъкид қарор доданд.
Сарвазирон изҳори боварӣ намуданд, ки мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон равобити ду давлатро ба сатҳи нав бароварда, уфуқҳои тозае барои густариши минбаъдаи ҳамкории манфиатбахш миёни давлатҳо ва халқҳои ду кишвар боз хоҳад кард.











Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






