Се нафар шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Россия ба Ватан бозгардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 28.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 27 июл бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия се нафар шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.М.Ғ. (с.т. 01.11.2017), М.Я.Д. (с.т. 09.02.2018) ва Ш.А.Х. (с.т. 07.02.2015) тавассути Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргардонида шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шаҳрвандони ноболиғи мазкур, ки дар нигоҳубини Мақомоти васоят ва парастории Федератсияи Россия қарор доштанд, ба намояндагони расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби Сафорат ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳвили минбаъдаи кӯдакон ба Ватан фаврӣ анҷом дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки Сафорати Тоҷикистон дар Россия ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргардонидани онҳо ба Ватан мунтазам чораҳои муассир меандешад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






