Шермуҳаммад Шоҳиён: «Воридшавии парвандаҳо ба судҳои ҷумҳурӣ кам гардидааст»

Июль 23, 2018 16:40

ДУШАНБЕ, 23.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли 2018 аз ҷониби судҳои Тоҷикистон бештар аз 74 ҳазор парванда баррасӣ карда шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст.

Дар ин бора раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён 23 июли соли 2018 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Дар ин муддат ба марҳилаи якуми Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо дар маҷмӯъ 74 ҳазору 749 адад парвандаҳо ворид гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2895  адад кам мебошанд.

Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида 7518 ададро парвандаҳои гражданӣ, 20 211 ададро парвандаҳои оилавӣ, 5530 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 28 144 ададро парвандаҳои маъмурӣ ва 5267 ададро дархосту пешниҳодҳои мақомот ташкил медиҳанд.

Дар маҷмӯъ, аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ доир ба парвандаҳои судӣ ба фоидаи давлат ба маблағи умумии беш аз 31 миллион сомонӣ ва қариб 25 ҳазор доллари ИМА зарари ба давлат расонидашуда,  ҷарима,  боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳо рӯёнида шуданд.

Пас аз ҷамъбасти фаъолияти мақомоти судӣ дар шаш моҳи соли равон маълум гардид, ки дар ин давра баъзе судяҳо ба вайронкунии муҳлати баррасии парвандаҳо роҳ доданд. Инчунин баъзе қарорҳои ғайриқонунӣ қабулшуда аз тарафи судҳои болоӣ бекор карда шуданд. Барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар шашмоҳаи дуюми соли равон татбиқи як зумра корҳо дар назар аст.

Июль 23, 2018 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад