ШОҲМОТ- БОЗИИ АҚЛУ ЗАКОВАТ, МАНТИҚУ ФАЛСАФА ВА ОРОМКУНАНДАИ АСАБ. Ба Рӯзи байналмилалии ин намуди варзиш бахшида мешавад

Июль 20, 2018 14:55

ДУШАНБЕ, 20.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Батумии Гурҷистон Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба шоҳмот  баргузор мегардад. Бо дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа беҳтарин шоҳмотбозони ҷавон сафарбар мегарданд.   

20 июл ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии шоҳмот таҷлил карда мешавад.  Шоҳмот бозии қадимӣ ва миллии халқҳои форсзабон буда, он дар асри шаш пайдо шудааст. Ин бозӣ аз қадимтарин бозии рӯи замин маҳсуб ёфта,  дар давраҳои пеш шоҳон ва асилзодагон ба ин бозӣ машғул мешудаанд. Бозии шоҳмот аз рӯзи пайдоиш то ба имрӯз дар байни мардуми сайёра ҳамчун бозии ақлу заковат, мантиқу фалсафа ва оромкунандаи асаби инсон маҳбубият пайдо кардааст.

Тавре маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш диққати махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла,  Пешвои миллат зарурат ва манфиати бозии шоҳмотро ба майнаи сари инсон ба инобат гирифта, 30 августи соли 2017  дар маросими ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни  суханронӣ ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ супориш доданд, ки  дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дарси шоҳмот роҳандозӣ карда шавад.  Зеро шоҳмот бозии миллӣ буда, ба андешаи олимон, ин намуди бозӣ майнаи сари инсонро сайқал медиҳад.

Тавре раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, солҳои охир таваҷҷуҳ ба бозии шоҳмот афзуда, ҷавонону наврасон ва калонсолон ба ин намуди варзиш майли зиёд пайдо намудаанд.

Ба гуфтаи номбурда, ҳоло дар ҷумҳурӣ як мактаби шоҳмот мавҷуд буда, дигар гурӯҳҳои шоҳмот дар мактабҳои варзишӣ шомил мебошанд.

Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон соли 1992 таъсис ёфта, узви Федератсияи байналмилалии шоҳмот мебошад. Федератсияи шоҳмот аз лаҳзаи таъсис то имрӯз  ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, ҷавонону наврасон аз рӯи ин намуди варзиш дар мусобиқаҳои дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва номбардори халқу Ватан гардидаанд.

Инҷо метавон аз шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов ном бурд, ки дар чандин озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, чемпиони Осиё дар байни ҷавонон (1992), ғолиби озмунҳои «Москва- Open», чемпиони Россия (2007), ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Тошкент ва Озарбойҷон (2016) ва Ҳиндустон (2017) мебошад.

Ҳамчунин  соли гузашта шоҳмотбоздухтари тоҷик Мутриба Ҳотамӣ     дар Чемпионати Осиё  байни духтарони 20-сола сазовори ҷойи 3-юм ва Суҳроб Ҳамдамов дар Чемпионати Осиё дар Ҷумҳурии Қирғизистон  байни шоҳмотбозони сустбин (маъюбон) сазовори ҷойи аввал гардид.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии шоҳмот Федератсияи  шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми мусобиқаи варзиши намудҳои миллиро  доир менамояд. Дар он нафарони аз 6 то 35-сола  дар гурӯҳҳои синну солӣ иштирок намуда, байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

 

Холисаи АСОМУДДИН,
АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2018 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд