Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода метавонад қариб 3 000 нафар беморро қабул кунад
ДУШАНБЕ, 10.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода шуъбаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода, ки мавриди таъмиру тармим қарор гирифта буд, ба истифода дода шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шуъбаи мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) аз таъмири куллӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббии замонавӣ ҷиҳозонида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки то ба имрӯз қариб 300 000 нафар сокинони шаҳри Турсунзода, ки бевосита барои гирифтани ёрии тиббӣ ба ин беморхона муроҷиат менамуданд, аз сабаби мавҷуд набудани таҷҳизоти тиббии замонавӣ дар ин муассиса танқисӣ мекашиданд.
Аз ин ба баъд бо муҳайё гардидани чунин шароити хуби хизматрасони тиббӣ ин мушкилии муроҷиаткунандагони беморхона бартараф гардид.
Акнун ходимони шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода имкон пайдо намуданд, ки хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ҳамасола қариб 3 000 нафар беморро қабул намоянд.








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






