Сигоркашӣ сабаби сӯхтори нуқтаи фурӯши пахта дар назди бозори «Корвон» гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 июли соли 2018, соати 13:30 дар нуқтаи фурӯши пахта, ки дар назди бозори Корвон ҷойгир буда, ба соҳибкори инфиродӣ Хуршед Ҳалимов тааллуқ дорад, сӯхтор сар задааст. Сабаби сар задани сӯхтор сигоркашӣ ва беэҳтиётӣ унвон карда мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» корманди Раёсати сӯхторхомӯшкунии Вазорати корҳои дохилӣ Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, командони Раёсати мазкур сари вақт ба ҷойи сӯхтор ҳозир шуда, сӯхторро хомӯш кардаанд. Дар натиҷаи сӯхтор 135 кг пахта талаф шудааст.
Гунаҳкори сар задани ин сӯхтор аниқ гардидааст. Мавсуф сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Ширин Гадоев буда, ҷарима карда шудааст.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






