СОЛИМӢ-САРВАТИ БЕБАҲОСТ! Дар шаҳри Ҳисор бар зидди ВНМО мубориза мебаранд
ҲИСОР, 31.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» соли равон дар Маркази саломатии шаҳри Ҳисор 2113 нафар шахсони никоҳшаванда ба таври ройгон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд, ки дар натиҷаи ташхиси тиббӣ як нафар бо гирифтории ВНМО, ду нафар бо бемории сил ва як нафар бо бемории гепатит муайян карда шуд. Дар ин бора муовини директори Маркази саломатии шаҳри Ҳисор Абдусалом Носиров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти номбурда, барои баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии аҳолӣ баҳри пешгирии ВНМО Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар шаҳри Ҳисор, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Маркази солимии репродуктивӣ дар байни аҳолӣ дар асоси нақшаи таҳиягардида корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар шаҳри Ҳисор Саттор Ҷабборов, ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шудааст.
Зикр гардид, ки имсол дар Марказ 8798 нафар сокинонон аз ташхис гузаштанд, ки дар натиҷа ҳодисаи нави сироятёбии 24 нафар ба ВНМО ба қайд гирифта шуд. Аз соли 2005 то соли 2018 дар шаҳри Ҳисор 335 нафар сироятёфтагони ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо то имрӯз 90 нафар фавтидаанд. Аз шумораи умумии сироятёфтагон кӯдакони то синни шонздаҳсола 33 нафар мебошанд, ки ҳамаи онҳо бо доруҳои зиддиретровирусӣ ва кумакпулиҳо таъмин мебошанд.








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






