«Сомон-Эйр» дар масири Душанбе-Анталия парвози нахустин анҷом дод

Июль 2, 2018 13:00

ДУШАНБЕ,02.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Ширкати ҳавонавардии «Сомон-Эйр» 1-уми июли соли равон дар масири Душанбе-Анталия нахустин хатсайри чартерӣ анҷом дод.

Тавре аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар нахустин хатсайри Душанбе-Анталия 180 нафар мусофир аз Душанбе ба Анталия сафар карданд. Ба роҳ  мондани парвоз байни Душанбе ва Анталия  дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби «Сомон Эйр» дар доираи амалисозии барномаи тавсеаи шабакаи парвозҳо андешида шуда, фармоишгари хатсайри мазкур ширкати сайёҳии «КОМПАС» буда, намояндаи он  дар бозори сайёҳӣ — ҶДММ «Transavia Express» мебошад.

Парвозҳо дар хатсайри мазкур  дар даҳ рӯз як маротиба иҷро гардида, тамоми парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва 900 сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе ба Анталия 5 соатро ташкил медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи хатсайр дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Томас В. Ҳаллам II изҳор дошт, ки «аз роҳандозии боз як хатсайри нав хеле сарфарозем, зеро  шаҳри истироҳатию зебоманзари Анталия дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистон бори нахуст ҳамчун самти парвоз интихоб гардидааст».

Мавсуф афзуд, ки аз моҳи майи соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар самти Душанбе-Истанбул то се хатсайр дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе зиёд карда, вақти парвозро тағйир дод. Барои бароҳатии бештари мусофирон аз 18 май вақти парвоз аз Душанбе ва аз Истанбул тағйир дода шуд. Акнун вақти парвоз аз Душанбе соати 05:30 ва аз Истанбул ба Душанбе соати 21:30 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.

Ҷадвали мазкур ба тоҷирон имкон медиҳад, ки субҳ ба Истанбул парвоз намуда, як рӯзашонро ба манфиат гузаронанд ва субҳи дигар боз ба Душанбе баргарданд. Дӯстдорони саёҳат метавонанд рӯзҳои истироҳатиро истифода намуда, дар муддати 3 рӯз тамоми зебоиҳои Истанбулро тамошо карда, дар рӯзи аввали ҳафтаи корӣ ба Душанбе баргарданд.

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки тирамоҳи соли гузашта аъзои ИАТА гаштааст, парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, АМА, Туркия, Чин, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро менамояд. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

 

Июль 2, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад