Таҳти раёсати Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Таҳти раёсати Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шӯрои мазкур баргузор гардид, ки дар он аъзои Шӯро ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла, ҷараёни таҳия, нашр ва дастрасии стандарту барнома, модулҳои таълим, замимаҳо ба китобҳои дарсӣ, роҳнамо барои омӯзгорон ҷиҳати гузариши муносибати босалоҳият дар зинаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, ҷараёни амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» ва «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда ҳисоботи президенти академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ғуломқодир Бобизода, директори муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» Тоҷинисо Маҳмадова ва муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ шунида шуд.
Ҳамзамон оид ба фаъолияти шӯроҳои миллии рушди маориф дар маҳалҳо гузориши масъулини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Аъзои Шӯро роҷеъ ба мавзӯъҳои матраҳшуда андешаронӣ карда, барои рушди минбаъдаи соҳаи маорифи кишвар таклифу пешниҳоди мушаххас баён намуданд.
Дар охир оид ба амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020, татбиқи босамари барномаҳои давлатии соҳавӣ ва вусъати фаъолияти шӯроҳои миллии рушди маориф дар маҳалҳо дастуру супоришҳои мушаххас аз ҷониби Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.










БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






