ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июл, душанбе, 211-умин рӯзи соли 2018 аст

Июль 30, 2018 07:50

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

30 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе  Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 280 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбию махсус сарфароз гардониданд.

***

5 сол пеш, 30 июли соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.

 

30 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии дӯстӣ.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо харидуфурӯши одамон.

***

Дар Вануату – Рӯзи Истиқлолият.

 

РӮЙДОДҲО:

30 июли соли 2009 баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳои президентҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баёнияи муштарак оид ба ҳамкории сеҷониба ба имзо расид.

***

 30 июли соли 2012 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» тасдиқ карда шуд.

***

5 сол пеш, 30 июли соли 2013 масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Америка, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.

***

30 июли соли 2015 дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Маҷмааи бошукӯҳи варзишӣ ба истифода дода шуд.

***

108 сол муқаддам, 30 июли соли 1900 дар Британия меҳнати кӯдакон манъ карда шуд.

***

30 июли соли 1921 Ҳизби коммунистии Африқои Ҷанубӣ таъсис дода шуд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2007 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор гардид.

***

Соли 1956 дар доллари америкоӣ шиори «In God We Trust» (Мо ба Худо бовар дорем) пайдо шуд.

Июль 30, 2018 07:50

Хабарҳои дигари ин бахш