ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА: «Файзи истиқлол» соли равон 2000 нафар кӯдакону наврасони ҷумҳуриро ба истироҳат фаро мегирад

Июль 6, 2018 15:36

ВАРЗОБ, 06.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол», собиқ  лагери тобистонаи  «Чайка»  дар дараи  Варзоб соли равон 2000 нафар хонандагони муассисаҳои таълимиро аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба истироҳати тобистона фаро мегирад.   

Тибқи иттилои масъулин, айни замон дар Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол»  дар  басти дуюм 400 нафар истироҳаткунандагони аз 6 то 14-сола  ройгон истироҳат доранд.

Директори истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» Маҳмадшариф Шоев  мегӯяд, ки «хушбахтона, бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар ин фароғатгоҳ ошхонаи замонавии дорои 200 ҷои нишаст, хобгоҳи замонавӣ бо 33 рахти хоб, бунгоҳи тиббӣ, китобхона  ва ҳавзи шиноварии замонавӣ  барои кӯдакону наврасон ба истифода дода шуд. Номи лагери тобистонаи  «Чайка»  ба Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол» иваз карда шуд. Инчунин  бо муҳайё гардидани шароити мусоид истироҳатгоҳи мазкур  нисбат ба соли гузашта 400 нафар зиёд кӯдакону наврасонро ба истироҳати тобистона  фаро гирифта метавонад».

Бояд гуфт, ки истироҳати як давраи  хонандагон 12 рӯз давом мекунад ва дар ин рӯзҳо байни  наврасону кӯдакон маҳфилҳои гуногуни варзишӣ, фарҳангӣ, зидди нашъамандӣ,  сафар ба кӯҳ ва консертҳо гузаронида мешаванд.

Ба гуфтаи директор,  хӯрок дар истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»   мувофиқи қоидаҳои аз тарафи Пажӯҳишгоҳи ғизои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияшуда пешниҳод  карда мешавад. Кӯдакон дар як рӯз 4 маротиба хӯрок истеъмол мекунанд, ки он аз витаминҳо бой буда, мунтазам аз ҷониби хадамоти санитарӣ назорат карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»  дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари дараи Варзоб воқеъ аст. Дар тамоми  давраи тобистон зиёда аз  50 нафар мутахассисони соҳаи  маориф дар панҷ  баст бо кӯдакону наврасон кор мекунанд.

Тавре раиси Кумитаи иттифоқи касабаи  кормандони  маорифи ноҳияи Варзоб Сироҷиддин Ҳусейнов иттило дод, дар ноҳияи Варзоб барои ташкили истироҳати  тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018 аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 13 097 сомонӣ ҷудо гардидааст. То имрӯз дар назди муассисаҳои таълимӣ дар як баст 181 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 114 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат мебошанд.

Инчунин барои 10 нафар фарзандони омӯзгорон роҳхати Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол» дастрас карда шуд.

Июль 6, 2018 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд