ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ МАКТАБИЁН: дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» 260 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат машғуланд

Июль 11, 2018 17:34

ФАЙЗОБОД, 11.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод истироҳатгоҳи берун аз ноҳиявии «Дурахшон» амал менамояд, ки дар ду басти он 260 нафар хонандагон ба истироҳати тобистона фаро гирифта мешаванд.  

Ҳоло дар истироҳатгоҳ кӯдакону наврасонро ба даври дуюм қабул доранд. Дар мадди аввал ятимону нимятимон ба фароғат фаро гирифта мешаванд.

Тибқи иттилои раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Файзобод Зуҳро Ғаффорова, барои истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» аз ҳисоби буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод  93 ҳазору 660 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар истироҳатгоҳи мазкур  кӯдакону наврасон аз рӯи барномаи шуъбаи маорифи ноҳия ба машғулиятҳои варзишию фарҳангӣ ва сайёҳӣ фаро гирифта шуда, бо чор вақт хӯрок таъмин мешаванд.

Масъулини идораи маорифи ноҳияи Файзобод дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018» дар назди муассисаҳои таълимӣ бо иштироки 1000 нафар кӯдак лагерҳои солимгардонӣ ташкил намудаанд, ки то охири мавсим 1600 нафар наврасон дар ҳамаи шаклҳои истироҳатгоҳҳо ба фароғати тобистона  фаро гирифта мешаванд.

Июль 11, 2018 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд